Панҷ чизи донистанӣ дар бораи саҳмияҳои "Роғун"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз оғози фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки мақомот онро ҳаёту мамоти Тоҷикистон меноманд, даҳ сол гузашт. Сокинон мепурсанд, баҳраи саҳмияҳои харидаашонро кай хоҳанд гирифт? Мақомот тавсия медиҳанд, ки мардум то поён ёфтани сохтмони нерӯгоҳ сабр кунанд.