Маҷлиси намояндагони Амрико, ки зери назорати Ҳизби демократ аст, барои барангехтани ҳуҷум ба бинои Конгрес расмиёт ҷиҳати эълони нобоварӣ ба раиси ҷумҳур Доналд Трампро омода мекунад ва мумкин аст, ин кор ҳафтаи оянда сурат бигирад.
Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагон рӯзи 8-уми январ таҳдид кард, ки агар Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳур ва ҳукумат, бо истифода аз иловаи 25-ум дар Қонуни асосии Амрико, Доналд Трампро аз мақомаш барканор накунанд ва ё президент худаш наравад, Маҷлиси намояндагон барои эълони нобоварӣ иқдом хоҳад кард.
Ӯ пас аз гуфтугӯи сесоата бо вакилони Ҳизби демократ дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Агар президент бо ихтиёри худ аз мақомаш наравад, Конгресс пешниҳодоти моро баррасӣ мекунад.”
Аз мақомаш барканор кардани Доналд Трамп фавқуллода мушкил аст, чун маъмурияти ӯ рӯзи 20-уми январ ба поён мерасад. Агар Маҷлиси намояндагон ҳам ба Доналд Трамп эълони нобоварӣ кунад, зарур мешавад, ки аз се ду ҳиссаи вакилони Сенат, ки дар дасти Ҳизби ҷумҳурихоҳ аст, барои анҷоми ин расмиёт ҷамъ омада, раъй бидиҳанд.
Ненси Пелоси гуфт, ки агар Доналд Трамп аз мақомаш наравад, ӯ ба Кумитаи қонунгузории Маҷлиси намояндагон дастур медиҳад, ки расмиёт барои эълони нобоварӣ ва ба кор андохтани иловаи 25-ум ба Қонуни асосиро шуруъ кунад. Бар асоси ин илова, раиси ҷумҳуре, ки қодир ба иҷрои вазифаҳояш нест, аз мақомаш барканор карда мешавад.
Теъдоди афзояндаи вакилони демократ тарафдори он будаанд, ки расмиёти эълони нобоварӣ ба Доналд Трамп аз рӯзи 11-уми январ оғоз шавад. Ду сенатори ҷумҳурихоҳ низ ба тарафдории ин кор садо баланд кардаанд. Лиза Мурковски, сенатор аз иёлати Аляска ба яке аз расонаҳои Амрико гуфтааст, ки Доналд Трамп “бояд зуд гум шавад”.
Дар тарҳи санади эълони нобоварӣ вакилони демократ Доналд Трампро, ки тарафдоронашро ба ҳуҷум ба бинои Конгресс ташвиқ кард, “ба барангехтани қиём“ муттаҳам кардаанд. Дар банди дигари санад Доналд Трампро ба эҷоди монеа ва барандозии расмиёти тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден дар интихобот муттаҳам кардаанд. Вакилон гуфтугуи телефонии Доналд Трамп бо Бред Рафенспергер, раиси комиссияи интихоботии иёлати Ҷорҷиаро мисол овардаанд, ки зимни он Доналд Трамп аз ӯ мехоҳад, “ба ҳадде барои ӯ раъй пайдо кунад”, ки пирузии Ҷо Байден дар ин иёлат беэътибор шавад.
Тед Леу, намояндаи Ҳизби демократ дар Маҷлиси намояндагон дар Твиттер навишт, ки тарҳи эълони нобоварӣ ба Трамп 150 ҳаммуалиф доштааст. Ҷейми Раскин вакили дигар ва аз муаллифони тарҳ гуфт: “Президент ҳамчунон барои мардум ва ҷумҳурӣ хатар эҷод мекунад. Ӯ як издиҳоми қиёмгарро барангехт, то интиқоли оромонаи қудрат дар Капитолро баҳам зананд. Он зӯровариву марг дар пай дошт. Ӯ бояд фавран аз мақомаш барканор карда шавад.”
Баландтар шудани садо барои барканор кардани Трампро раиси Маҷлиси намояндагон Ненси Пелоси нодида гирифта наметавонад, вале иҷрои ин кор дар ду ҳафта ва маълум набудани натиҷаҳои он, хатари амиқтар рафтани ҷудоӣ дар ҷомеаи Амрикоро дар пай дорад.
Ҳампаймонҳои Доналд Трамп, сенатори ҷумҳурихоҳ Линдси Граҳам ва Кевин Макарфи аз Маҷлиси намояндагон аз демократҳо хостаанд, барои роҳ надодан ба ихтилофи бештар аз барканории Трамп даст кашанд. Линдси Граҳам дар Твиттер навишт:”Агар Пелоси барои эълони нобоварӣ дар рӯзҳои охири Трамп пофишорӣ кунад, назар ба кори хуб, осеби бештар мерасонад.”
Ҷо Байден, рӯзи 8-уми январ гуфт, ки Доналд Трамп “лоиқи раҳбарии” Амрико нест, вале ҳаргуна тасмимгирӣ дар заминаи барканории ӯро дар ихтиёри Конгресс гузошт.
Талошҳо барои аз мақомаш барканор кардани Доналд Трамп баъди он зиёд шуд, ки издиҳоми тарафдорони ӯ рӯзи 7-уми январ ба бинои Конгресс ҳуҷум бурданд ва ҷаласаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботро ба ҳам заданд. Ҳодисае, ки Амрикову ҷаҳонро такон дод. Дар бетартибиҳо дар умум 5 нафар аз ҷумла як афсари пулис кушта шуд. Баъди даъватҳо барои аз мақомаш барканор кардани Трамп, ӯ ҳуҷум ба Конгрессро маҳкум кард ва ваъда дод, ки қудратро оромона ба дасти ҳукумати Ҷо Байден месупорад.