Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дар "паёми оштиҷӯёна" интиқоли ороми қудратро ваъда дод


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп, ки бо импечменти дувум ва талаби истеъфояш рӯ ба рӯст, рӯзи 7-уми январ бо лаҳни оштиҷӯёна наворе пахш кард ва дар он хушунати маргборро дар Конгресс маҳкум намуд.

Трамп дар видео ҳамчунон ба интиқоли ороми қудрат ба маъмурияти Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико ваъда дод.

Дар бештар аз ду моҳи гузашта Доналд Трамп пирӯзии Ҷо Байденро напазируфта, ҳамвора гуфтааст, шикасташро дар интихоботи сеюми нобяри 2020 қабул надорад. Аммо ӯ баъд аз тасдиқи орои ҳайати интихоботӣ дар Конгресс гуфт, “маъмурияти нав 20-уми январ маросими савгандёдкуниро ба ҷо хоҳад овард.”

Доналд Трамп дар суханони худ хушунатро дар Конгресс "ҳамлаи зишт" хонд, ки ба демократияи Амрико зарба задааст ва афзуд, ин амал ӯро ҳам хашмгин кард.

Дар пайи хушунат дар Конгресс панҷ нафар, аз ҷумла як афсари пулис ҷони худро аз даст доданд. Ҳарчанд теъдоде аз вакилон Трампро дар хушунатҳо гунаҳкор медонанд, вай нақш доштани худро дар ин ҳодиса напазируфтааст.

Паёми Трамп як рӯз баъди он пахш шуд, ки аъзои Ҳизби демократ дар Конгресс хоҳони барканории фаврии ӯ аз қудрат шуданд.

XS
SM
MD
LG