Дар Амрико 310 000 мавриди сирояти вирусро сабт кардаанд

Рӯзи 8-уми январ бештар аз 3700 мавриди марг аз коронавирусро сабт кардаанд

Дар Амрико сирояти коронавируси нав суръат гирифта ва рӯзи 8-уми январ ба ҳадде расид, ки дар гузашта дида нашудааст. Дар он рӯз бино ба гузориши Тарҳи огаҳӣ аз COVID 310 ҳазор мавриди сирояти коронавируси навро сабт кардаанд.

Беморӣ ҳамчунин бештар аз 3700 нафарро куштааст ва дар маҷмуъ дар натиҷаи сирояти коронавирус дар Амрико тақрибан 370,000 нафар ҷон додаанд. Амрико, ки аҳолиаш ба 330 миллион нафар мерасад, умедвор аст, бо ваксинзании саросарӣ, ки моҳи декабр шуруъ шуд, пеши роҳи сирояти бемориро бигирад.

Аммо корҳо дар ин самт ба сустӣ пеш меравад ва то кунун фақат 6 миллион нафар ваксинаи аввалро гирифтаанд, гарчанде дар Амрико 22 миллион дона ваксина тақсим шудааст. Дар Чин, ки манобеъи нави хуруҷи беморӣ сабт шуд, дар ду шаҳри вилояти ҷанубии Ҳебей маҳдудиятҳои сахти гаштугузор эълон карданд. Дар Чин то кунун 9 миллион нафар ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтаанд.