Хабаргузории "Авесто" рӯзи 8-уми январ навишт, ки Афғонистон барои гирифтани барқи бештар бо Тоҷикистон вориди музокирот шудааст. Ширкати "Брешно"-и Афғонистон гуфтааст, гап дар бораи аз 80 мегават то ба 120 мегават расонидани интиқоли нерӯи барқ меравад.
Дар "Барқи Тоҷик" мавзуъро шарҳ надодаанд, аммо масъулони ширкат бо далели, ба гуфтаи онҳо, камии об дар рӯдхонаву обанборҳо дар минтақаҳои кишвар лимит ё маҳдудияти нирӯи барқ ҷорӣ кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон чӣ қадар барқ содирот мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2020 ба хориҷи кишвар ба маблағи 2 миллион доллар нерӯи барқ содирот кардааст.
Ҷониби Афғонистон ҳамзамон барои харидани барқи бештар бо Узбекистону Туркманистон гуфтугӯ дорад.
Рӯзи чаҳоршанбе ширкати “Брешно” эълон кард, ки бино бар пеш омадани мушкилоти фаннӣ Узбекистон интиқоли барқро ба Афғонистон қатъ кард.