Пулиси Капитолия марги нафари 5-ум дар бетартибиҳои Вашингтонро тасдиқ кард

Пулиси Капитолия ҳалокати корманди худро, ки 6-уми январ дар натиҷаи бетартибиҳои Вашингтон захмӣ шуда буд, тасдиқ кард. Ин панҷумин қурбонии ҳамла ба бинои Конгресси Амрико аст.

Афсари пулиси Капитолия Брайан Сикник бар асари захмҳое ҷон дод, ки дар ҷараёни ҳамла ба бинои Конгресс бардошта буд. Дар Департаменти пулиси Капитолия гуфтанд, ки афсар баъди баргашт ба департамент аз ҳуш рафт ва ӯро ба бемористон интиқол доданд. Вале табибон натавонистанд, ҷони ӯро наҷот диҳанд.

Пештар телевизиони CNN дар бораи ҳалокати як афсари пулиси Капитолия дар натиҷаи задухӯрд бо эътирозгарон хабар дода буд. Вале Капитолия ин иттилоъро рад кард. Як рӯз пеш пулиси ИМА хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамла ба бинои Конгресс чаҳор кас, аз ҷумла як зан - собиқадори нерӯҳои ҳавоии ИМА ҷон бохтааст.

Тарафдорони раиси ҷумҳур Доналд Трамп рӯзи 6 январ бо зӯр вориди бинои порлумони Амрико шуданд ва ҷаласаи вакилонро, ки барои тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден ҷамъ омада буданд, баҳам заданд. Новобаста аз онки дар онҷо хабарнигорони зиёд ва пулиси мусаллаҳ буд, тазоҳургарон хати амниятиро рахна карда ва ба дохил рафтанд.

Ба навиштаи Bloomberg, баъди бетартибиҳо зидди 50 кас парванда боз шудааст. Онҳо асосан дар ҳамла ва ғайриқонунӣ ворид шудан ба бинои Конгресс айбдор мешаванд.