Пулиси шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 6-уми январ фаъоли маданӣ Галия Тамабоеваро дар манзили зисташ боздошт кард. Додгоҳ ӯро барои вайрон кардани қонун дар бораи гирдиҳамоиҳо 5 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт.
Рӯзи 5-уми январ додгоҳи шаҳри Нурсултон фаъоли дигар, Асел Онланбек қизиро барои ду моҳ ба ҳабс гирифт.
Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ, айни замон бештар аз 110 фаъоли маданӣ дар иштирок дар гирдиҳамоиҳо ғайриқонунӣ ё гумон мешаванд ва ё айбдор.
Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон рӯзи 10-уми январ интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад шуд. Дар робита ба ин, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, эҳтимол дорад шумори боздоштҳо дар рӯзҳои оянда афзоиш ёбад.