Ширкатҳои суғурта дар Тоҷикистон беш аз 7 миллион доллар фоида дидаанд

Ширкатҳои суғурта ё бима дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2020беш аз 80 миллион сомонӣ (зиёда аз 7 миллиону 100 ҳазор доллар) фоида ба даст овардаанд.

Бино ба иттилои Бонки Миллии Тоҷикистон, ки идораи масъули назорати бозори суғурта аст, "ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соле пеш 31,6 миллион сомонӣ зиёд аст".

Дар Тоҷикистон айни замон 18 ширкати суғурта амал мекунанд,ки аз онҳо ду ширкат давлатӣ ва боқӣ хусусӣ ҳастанд.

Бозори аз ҳама пурдаромади суғурта дар Тоҷикистон бимаи ҳатмии нақлиёт ба шумор меравад, аммо ҳама ширкатҳои суғурта ба ин бозор роҳ надоранд.

Мувофиқи тағйироти охир танҳо ширкатҳое ҳаққи суғуртаи ҳатмии нақлиётро доранд, ки сармояи оинномавиашон аз 10 миллион сомонӣ бештар аст. Бар асоси ин меъёр, танҳо "Тоҷиксуғурта", "Суғуртаи аввалини миллӣ" ва "Спитамен суғурта" имкони бимаи нақлиётро доранд.

Ташкилоти аввалӣ давлатӣ буда, дувумӣ - марбут ба ширкати "Фароз" аст. Ҳарчанд "Фароз", ширкати марбут ба Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур худро муфлис эълон кардааст, ширкати зертобеаш "Суғуртаи аввалини миллӣ" фаъолият мекунад. Ширкати “Спитамен суғурта” ба номи Нусратулло Ҷумъаев ва Фирӯзбек Сайфуллоев сабт шудааст.

Ҳоло нархи суғуртаи ҳатмии нақлиёт дар Тоҷикистон аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 120 то 180 сомонӣ дар як сол аст. Ин навъи суғуртаро бояд ҳама ронандагон дошта бошанд, вагарна нозирони роҳ метавонанд ҷарима банданд.

Бино бар тағйироти охир ба қонун ронандагоне, ки аз 5 то 10 солқоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон накарда ва ба садама дучор нашудаанд, ҳангоми суғурта 5 дарсад сабукӣ мегиранд. Агар аз 10 то 15 сол ҳамин гуна хуб ронандагӣ кунанд, даҳ дарсад ва бо собиқаи беш аз бистсола 20 дарсад тахфиф хоҳанд гирифт.