Понздаҳ пизишки ояндаи Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи тиббии Алмаатои Қазоқистон таҳсил мекунанд, мегӯянд, мумкин аст, донишомӯзии онҳо дар он ҷо нотамом монад.
Сарони донишгоҳ ин ҳолатро ба созишномаи байнидавлатӣ ва тасмими донишгоҳ бастагӣ медиҳанд. Донишомӯзон таҳсили асосии панҷсоларо хатм кардаанд, аммо барои интернатура ё таҳсили ҳамзамон бо коромӯзӣ аз онҳо маблағ талаб карда мешавад.
"Агар то нимаи январ пулро насупорем..."
Меҳвар Халилов, яке аз 15 донишҷӯйи соли шашуми Донишгоҳи тиббии ба номи С. Д. Асфендиярови Алмаатои Қазоқистон, гуфт, раёсати донишгоҳ ба ӯ ва ҳамсабақонаш то нимаҳои моҳи январ муҳлат додааст, ки маблағи таҳсилро дар бахши интернатура супоранд. То ин вақт таҳсили онҳо бар асоси як гранти давлатии Қазоқистон ройгон ё бепул буд.
"Вақте ба раёсати донишгоҳ муроҷиат кардем, гуфтанд, маълум нест, ки чаро чунин аст ва донишгоҳ аз вазоратҳои илму маориф ва тандурустии Қазоқистон хост, мушкили пешомадаро ҳал кунанд. Аммо вазоратҳо мушкилро ба якдигар бор кардаву бо ҳамин масъала ҳалношуда монд. Хеле фурсати кӯтоҳ дорем ва дар сурати ҳал нашудани мушкил эҳтимол аз донишгоҳ хориҷ шавем", -- гуфт Меҳвар Халилов ба Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми январ.
Ин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, соли 2015 бар асоси созишномаи дуҷонибаи таълимӣ тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон шомили донишгоҳ шуданд. Қарор буд, ҳафт сол аз ҳисоби маблағҳои билоивази Қазоқистон таҳсил кунанд.
Вазорати маориф: аз мушкили донишҷӯён хабар дорем
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, аз мушкили донишҷӯён огоҳанд ва тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ба Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Вазорати маориф ва илми он кишвар муроҷиат кардаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, Донишгоҳи тиббии Қазоқистон шартномаи донишҷӯёни тоҷикро мисли донишҷӯёни қазоқ 5+2 имзо кардааст, аммо дар асл онҳо дар як зина аз ҳисоби грант таҳсил хоҳанд кард:
“Созишномаи дуҷонибае, ки имзо шудааст, танҳо як зинаи таҳсилро фаро мегирад. Аммо солҳои пеш баъзе аз донишгоҳҳои Қазоқистон ҳам Русия барои он донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, имкон медод, ду соли дигар дар бахши интернатура ё ординатура таҳсил кунанд. Ҳоло Вазорати маориф ҳам аз ҷониби Қазоқистон хостааст, агар чунин донишҷӯён бошанд, онҳоро ба таҳсили ройгон дар бахши интернатура фаро гиранд,"-гуфтанд дар Вазорати маориф.
"Барои табиб шудан ду соли дигар бояд таҳсил кунем"
Ҷамшеди Шодихон, яке дигар аз донишҷӯёни тоҷик, гуфт, агар ду соли дигар дар бахши интернатура таҳсил накунанд, дар оянда наметавонанд ҳамчун табиб кор кунанд. Вай нигаронӣ кард, ки ҳоло дар баробари ниҳодҳои марбутаи Қазоқистон ҷониби Тоҷикистон ҳам барои хориҷ нашудани донишҷӯёнаш талоше намекунад.
Вай бо нигаронӣ гуфт: "Онҳое, ки дар соли ҳафтум ва бар асоси ҳамин созишнома таҳсил мекунанд, ду соли интернатураро ҳам аз ҳисоби ҳамон грант идома медиҳанд, аммо барои мо номумкин шудааст. Дар ҳоле ки ҳамаи мо бар асоси як созишнома аз Тоҷикистон ба Қазоқистон барои таҳсил омадем. Ҳоло баҳона пеш меоранд, ки ин созишнома танҳо таҳсил дар бахши бакалавр ва магистратураро дар бар мегирад, вале бакалавр дар риштаи тиб 5+2 аст, ки бар изофаи панҷ соли таҳсил бояд ду соли дигар дар бахши интернатура ҳам таҳсил кунем."
Интернатура – таҷрибаи баъдидипломиест, ки хатмкардаҳои риштаи тиббӣ ду соли дигар дар он таҳсил мекунанд.
Маъмурияти Донишгоҳи тиббии ба номи С. Д. Асфендиярови шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо фиристодани мактуби расмӣ аз Вазорати маориф ва илми ин кишвар хостааст, мушкили донишҷӯёнро баррасӣ кунанд. Дар нусхаи мактуб, ки дар дасти Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, гуфта шудааст, гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик дар ин донишгоҳ бар асоси созишномаи дуҷонибаи Қазоқистону Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
"Тибқи грантҳои таълимӣ донишҷӯён бояд дар бахши тибби умумӣ бар изофаи 5 соли таҳсили асосӣ, ду соли дигар дар бахши интернатура таҷриба омӯзанд. Аммо маблағгузорӣ дар доираи грант барои идомаи таҳсил дар бахши интернатура барои донишҷӯёни тоҷик рад шудааст", --омадааст дар номаи донишгоҳ.
Дар посух ба мактуби донишгоҳ, Вазорати маориф ва илми Қазоқистон гуфтааст, аз буҷаи ин вазорат барои таҳсил дар бахши интернатура маблағ пешбинӣ нашудааст ва барои омода кардани мутахассисони тиб аз ҳисоби буҷаи Вазорати тандурустии Қазоқистон маблағ ҷудо мешавад. Вале департаменти илм ва захираҳои инсонии Вазорати тандурустии Қазоқистон дар номаи ҷавобӣ гуфтааст, дар асоси созишномаи миёни Қазоқистону Тоҷикистон (аз соли 2000) грантҳои давлатии таълимӣ, танҳо таҳсил дар бахши бакалавр ва магистратураро фаро мегирад ва омӯзиш дар бахши интернатура пешбинӣ нашудааст.
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз мушкили донишҷӯёни тоҷик хабар доранд ва дар сурати муроҷиати хаттӣ мавзуъро шарҳ хоҳанд дод.
Ҳоло ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Теъдоди бештари онҳо дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус ҳастанд. Теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қазоқистон даҳҳо нафар гуфта мешавад.