Раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, "ислоҳоти сиёсӣ кори якрӯза ё яксола нест"

Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар арафаи интихоботи порлумонии ин кишвар бо нашри матлабе дар як нашрияи маҳаллӣ гуфтааст, "ислоҳоти сиёсӣ масъалае нест, ки дар як рӯз ё як сол ҳал шавад".

"Мо онро бояд тадриҷан бо дарку бидуни ларзондани пояҳои асосии кишвар ва ба ҳам задани муттаҳидияш анҷом диҳем", - навиштааст Тоқаев. Вале ӯ афзуда, ки ислоҳоти сиёсиро набояд ба таъхир гузошт ва мақомот низ дар назди мардум бояд эҳсоси масъулият кунанд.

Тоқаев дар ин матлабаш, ки дар нашрияи маҳаллии "Егемен Қазақстан" рӯзи 5-уми январ нашр шуд, даъват кардааст, то ба "изҳоротҳои иғвобарангезонаи шаҳрвандони хориҷӣ расман ва оммавӣ посух дода шавад". Вале дақиқ нагуфтааст, кадом шаҳрвандони хориҷиро дар назар дорад.

"Ҳар чизе нагӯянд, мо хати марзеро дорем, ки аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ эътироф ва дар асоси созишномаҳои дуҷониба кашида шудааст", - илова кардааст президенти Қазоқистон.

Даъвати Тоқаев дар ҳолест, ки вакили Думаи давлатии Русия Вячеслав Никонов охири соли гузашта дар суҳбат бо Шабакаи аввали кишвараш гуфта буд, "қаламрави Қазоқистон туҳфаи бузургест, ки аз ҷониби Русия дода шудааст".