Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз сокинони кишвараш даъват кардааст, агар дар бораи маҳалли будубоши муовини пешини раиси кумита Болотбек Суюмбоев маълумоте доранд, ба ин ниҳод хабар диҳанд.
Болотбек Суюмбоев моҳи октябри соли 2020 дар пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст. Ба огаҳии кумита, Суюмбоев дар қочоқи ҷавоҳирот дар ҳаҷми махсусан калон даст доштааст.
Мақомоти тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба зидди Суюмбоев бо бандҳои "сӯистифода аз мақом" ва "қочоқи иқтисодӣ" парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Болотбек Суюмбоев соли 2016 бо фармони президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар таъйин шуда буд. То он замон ӯ солҳои тӯлонӣ муҳофизи шахсии Отамбоев буд.
Президенти вақти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков моҳи апрели соли 2018 Суюмбоевро аз мақоми муовинии раиси кумита барканор кард. Дертар сарвазири вақт Сафар Исҳоқов ӯро сардори Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон таъйин намуд. Вале чанд рӯз баъд худи Исҳоқовро ба истеъфо фиристоданд ва сарвазири нав Муҳаммадқулӣ Абилғозиев Суюмбоевро аз мақомаш барканор кард.