Дар Қазоқистон 683 ҳолати нави сироят ба коронавирус сабт шудааст

Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 645 ҳолати нави мубталошавӣ ба COVID-19 ва 38 ҳолати дигар ба "илтиҳоб" ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар он кишвар дар як рӯзи охир 7 тан аз вабои коронавирус фавтидааст.

Дар маҷмуъ, шумори гирифторони вабои коронавирус дар Қазоқистон ба 157 ҳазору 579 кас расидааст. Шуруъ аз 13 марти соли 2020 то рӯзи 3 январи соли 2021 дар Қазоқистон аз ин вабо 2336 кас фавтидааст.

Ба иттилои мақомоти тандурустии Қазоқистон, айни ҳол 22 ҳазору 710 кас дар беморхонаҳо табобат мегиранд. Вазъи 288 тани онҳо вазнин арзёбӣ мешавад ва 41 гирифтор ба дастгоҳҳои нафаси сунъӣ пайваст шудаанд.