Даҳ вазири собиқи мудофиаи Амрико (Пентагон) аз раҳбарони ҳозираи вазорат даъват кардаанд, ки ба интиқоли осоиштаи қудрат содиқ монанд ва ҳушдор додаанд, дахолати низомиён дар ин раванд хатар эҷод мекунад.
Изҳороти вазирони собиқ, аз ҷумла ду нафаре, ки аз тарафи президент Доналд Трамп ба ин мақом таъйин шуда буданд, рӯзи 3-юми январ дар рӯзномаи "Вашингтон Пост" нашр шуд.
Вазирони собиқ аз сарпарасти ҳозираи мансаби вазири мудофиаи Амрико хостаанд, дар кӯшишҳои сари қудрат мондани президент Трамп нақше бар дӯш нагирад.
Ба гуфти муаллифони изҳорот, кӯшишҳои ҳамроҳ кардани нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ба баҳсҳои интихоботӣ, низомиёнро аз чорчӯби қонун ва Конститутсия берун хоҳад кашид. Онҳо иброз доштаанд, ки замони баҳсҳои интихоботи президентии 3-юми ноябр хотима ёфта, ба зудӣ Конгресс натиҷаҳои онро тасвиб мекунад.