Ҳукумати Қазоқистон ба тамом ҳукми қатлро аз қонунҳои кишвар бардоштааст. Дафтари раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 2-уми январ хабар дод, ки раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев, бо имзои санаде Қазоқистонро ба Протоколи дуввуми Паймони Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсӣ ҳамроҳ кард, ки аъзои он бояд ҳукми қатлро комилан аз байн бардоранд.
Дар Қазоқистон соли 2002 дар иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон карданд, вале гунаҳкорон ба терроризм аз он истисно буданд. Соли 2016 Руслан Куликбоев, ки ба тирборон кардани мардум дар Алмаато гунаҳкор дониста шуд, ба қатл маҳкум карда буданд. Акнун ҳукми ӯ ба зиндони якумрӣ табдил меёбад.
Қосиҷомарт Токаев моҳи декабри соли 2019 аз минбари Маҷмааи умумии Созмони Милал қавл дод, ки Қазоқистон ҳукми қатлро аз байн мебардорад. Аз миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳоло фақат Русияву Тоҷикистон ва Белорус мондаанд, ки ба Протоколи дуввуми Паймони Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсӣ ҳамроҳ нашудаанд. Дар Тоҷикистон иҷрои ҳукми қатл мамнуъ аст, вале дар Белорус ҳануз ҳам иҷро мешавад.