Шоми 2-юми январ дар ҳудуди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминларзаи 4,5-дараҷаӣ сабт шудааст. Тибқи иттилои Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази заминларза 31 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар ҳудуди ноҳия Шуғнон будааст. Ҳанӯз маълум нест, заминларза харобие дар пай дошт, ё на. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Аз ҷумла рӯзи 4-уми июл соли 2020 наздики 60 хонаи сокинони чор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб дид.