Вазорат: Рӯзи дувум аст, ки сирояти коронавирус дар Тоҷикистон сабт нашуд

Акс аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи якуми январ гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта ягон мавриди сирояти коронавирусро ба сокинон сабт накарданд.

Як рӯз пеш низ вазорат айни изҳоротро дода буд. Эъломияе, ки баъзе ба он бо шубҳа менигаранд, чун мақомот намегӯянд, дар як рӯз чанд нафарро ташхис карданд.

Дар умум, ба иттилои расмӣ аз охири моҳи апрели 2020 то 1-уми январи имсол 13296 нафар ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 кас ҷони худро аз даст додаанд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, 12894 нафар шифо ёфтаанд.

"Ҳоло 312 нафар бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорат ҳастанд", -- гуфтанд дар вазорат.

Мутахассисону коршиносон мегӯянд, омори Вазорати тандурустӣ дуруст нест ва миқёси сирояти беморӣ ва талафот аз он ба маротиб бештар аст. Ҳукумати Тоҷикистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки то моҳи апрели соли гузашта сирояти коронавируси навро пинҳон дошт ва сабаб шуд, садҳо нафар бар асари СOVID-19 вафот кунанд.