Шоираи тоҷик, Робияи Холмирзо, талаб дорад, ки овозхони ҷавон, Фаридуни Хуршед, аз ӯ расман узр пурсад. Робияи Холмирзо мегӯяд, овозхон шеъри ӯро бидуни иҷоза дар клип ё намоҳанги худ истифода бурдааст.
Ӯ рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафаш пардохти ҷуброни молӣ нест, балки ислоҳи хатоест, ки овозхон роҳ додааст: "Ин танҳо ҳушдор аст. Бигзор матнро ислоҳ кунанд, ин ҳаққи муаллифии ман аст. Ё панҷ дубайтие, ки моли ман аст, нахонанд. Ҳоло баъзе аз овозхонҳо фикр мекунанд, шоир касе нест ва агар шеъри ӯро хонданд, бояд хурсанд шаванд. Аммо чунин нест, ин моликияти зеҳнии ман аст ва ман ҳаққи муаллифӣ дорам."
Баҳси ҳаққи муаллифии шоира бо Фаридуни Хуршед пас аз он шуруъ шуд, ки овозхон ба як шеъри Робияи Холмирзо оҳанг баста, таронаро бо номи "Оиша" сурудааст. Дар клипи тарона, ки миёнаҳои моҳи ноябри имсол дар Ютуб нашр шуд, матни он моли Раҷ Аҳмад навишта шудааст. Робияи Холмирзо гуфт, дар сурати иҷро нашудани талабҳояш маҷбур аст, баҳсро ба додгоҳ кашад.
Робияи Холмирзо бовар дорад, кори ӯ метавонад, ба даҳҳо эҷодкоре, ки моликияти зеҳнӣ ё офаридаҳояшон бе иҷоза ва риояи қонунҳо истифода мешавад, ёрӣ расонад. Продюсери овозхон, Диловари Мизроб, иддаои шоираро беасос донист, вале эътироф кард, ки намедонист, шеър аз Робияи Холмирзо аст.
"Фикр кардам, шеъри Раҷ аст"
Ӯ рӯзи 31-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Шеъри шоира бидуни иҷозат истифода нашуда, балки худи ӯ ба овозхон Фаридуни Хуршед китобашро тақдим кардааст. Аммо дар воқеъ дар клипи тарона, шеър моли нафари дигар навишта шудааст, ки иштибоҳи ман аст, на аз Фаридун ва на аз Раҷ Аҳмад. Вақте шеърро Фаридун оҳанг баст, барои он нақарот даркор шуд. Нақаротро Раҷ Аҳмад илова кардааст. Аз сабаби ин ки аксари сурудҳои Фаридун бар пояи шеърҳои ӯ таҳия мешаванд, фикр кардам, ин шеър ҳам моли ӯ аст."
Робияи Холмирзо гуфт, пас аз огоҳ шудан аз ин барои суҳбат чанд дафъа ба Фаридуни Хуршед тамос гирифт, аммо ӯ ба зангҳояш ҷавоб надод. Шоира мегӯяд, баъдан маҷбур шуд, қазияро расонаӣ кунад.
"Инҷо панҷ дубайтӣ аз китоби ман аст, ки соли 2014 чоп шуд. Фақат як ҷое, ки номи "духтар" буд, Оиша навиштаву чанд иловаи дигар кардаанд. Онҳо дар клип номи каси дигарро навиштанд. Вақте бо он нафар суҳбат кардам, гуфт, ки шеърро оварданд ва танҳо чанд ҷумларо дигар кардам. Аммо чаро номи каси дигарро навиштанд? Ба онҳо кӣ ҳақ додааст, ки шеъри маро бе иҷозат таҳрир карда, сароянд? Ин корро Фаридун бо продюсераш ва Раҷ Аҳмад ҳамроҳ кардаанд. Онҳо бояд дар саҳифае, ки дар Ютуб ин таронаро нашр карданд, расман аз ман узр хоҳанд, на бо як занги телефонӣ ва ғайрирасмӣ."
Робияи Холмирзо афзуд, баъди расонаӣ шудани баҳс, ӯро ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ даъват карда, гуфтанд, омодаанд, дар ҳимояи ҳуқуқаш кумак кунанд. Шоира таъкид мекунад, ки мунтазири узр пурсидани овозхон аст ва аз навиштани ариза худдорӣ кардааст. Ҳамзамон Диловари Мизроб гуфт, иштибоҳ аз ӯ сар задааст ва омода буд, мушкилро бидуни баҳс ҳал кунанд.
Диловари Мизроб гуфт, бо вуҷуди он ки шоира боре ҳам бо ӯ дар тамос нашуда, аз ин баҳс ӯро дар ҷараён нагузоштааст, вале "новобаста аз ин ки қазия ба додгоҳ меравад ё не, аз ӯ маъзарат мехоҳам. Муаллима агар як бор ҳамчун муаллиф ба ман тамос мегирифтанд, медонистам, чӣ хел суҳбат кунам. Ҳоло ки тавассути расонаҳо суҳбат мекунанд, ман ҳам маҷбурам, аз ҳамин роҳ ҳарфамро гӯям."
Баҳс барои моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон
Дар ҳоле ки ҳарду ҷониби даъво худро ҳақ меҳисобанд, ҳуқуқшиносон мегӯянд, истифодаи асарҳо ҳам мисли аксу видеоҳои хусусӣ моликияти зеҳнӣ буда, бидуни иҷозати муаллиф қонуншиканӣ аст. Тибқи моддаи 1126 Кодекси шаҳрвандӣ асарҳои илмӣ, санъат, адабиёт ва дигар маҳсули эҷодӣ моликияти зеҳнӣ ҳастанд ва мувофиқи моддаи 1130 ҳамин кодекс, ҳуқуқи муаллиф ҳифз карда мешавад.
Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, қонунгузории Тоҷикистон бидуни мувофиқа истифода бурдани маҳсули заҳмати шоир ё шахси эҷодкорро иҷозат намедиҳад: "Бино бар ин, шоира ҳақ аст ва метавонад, бар асоси қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф" ба додгоҳ муроҷиат карда, ҷониби дигарро водор кунад, ки узр пурсад, ё ҳаққи муайян талаб кунад. Ҳамчунин шоира ҳақ дорад, нафареро, ки номаш ҳамчун муаллиф истифода шудааст, ба асардуздӣ айбдор кунад."
Дар Тоҷикистон баҳси нерӯи зеҳнӣ ё ҳаққи қалам мавзӯи нав нест. Дар гузашта ҳам баҳсҳое вуҷуд дошт, ки то ба додгоҳ рафтааст. Аз ҷумла, Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик аз чопхонаҳо ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон пардохти ҳаққи муаллифиашро талаб кард ва ҳудуди 2800 сомонӣ ҳаққи қаламашро гирифт.
Баҳси аксбардор Геннадий Ратушенко бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бар сари моликияти зеҳнӣ аз камтарин ҳодисаҳоест, ки то ба додгоҳ кашида шуд ва солҳо боз идома дорад.