Русия ва Чин дар гузориши нави Иёлоти Муттаҳида аз нав поймолкунандагони асосии ҳаққи моликияти зеҳнӣ эълон шуданд. Раёсати тиҷоратии Амрико ҳамчунин Украина, Покистан, Канада, Исроил ва кишварҳои дигарро ба феҳрати давлатҳое шомил кард, ки бояд зери назар қарор дошта бошанд. Дар гузориш омадааст, дар 27 давлат масъалаи ҳифзи моликияти зеҳнӣ нисбатан беҳтар аст, вале ба андозаи кофӣ қаноатбахш нест. Ба ақидаи ИМА, онҳо низ мавриди таваҷҷӯҳи зиёд боқӣ мемонанд. Дар ин номгӯй ҳатто чунин кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ, ба монанди Итолиё, Норвегия ва Финландия низ шомил шуданд. Аз ҷамоҳири Шӯравии собиқ дар ин ҷо номи Беларус, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ҷой ёфтаанд.
Ба мафҳуми куллияш, “моликияти зеҳнӣ” ҳуқуқи муваққатии истисноӣ ба маҳсулоти фаъолиятҳои ақлонӣ ё воситаҳои фардиятбахшиест, ки аз тарафи қонун ҳимоят мешавад. Қонун монополия ё инҳисори муаллифонро ба шаклҳои муайяни истифодаи фаъолияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо муқаррар мекунад ва талаб дорад, ки ин маҳсулот аз тарафи ашхоси дигар танҳо бо иҷозати муаллифон мавриди истифодаи муайян қарор гирад.
Ба забони сода, асари нависанда, наққош, филмсоз, нашрия ё монанди инҳо, ки агар тамғаи “копирайт” дошта бошад, бояд танҳо бо иҷозаи онҳо барои истифодаи умум бознашр ё бозпахш шаванд. Қонуни мазкур муддати муайяни ин шартро дар назар дорад.
Мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, барои истифодаи беиҷозаи моликияти зеҳнӣ солҳои охир аз шабакаи ҷаҳонии Интернет истифодаи густарда ба амал меояд. Намояндаи Раёсати тиҷоратии Амрико, Рон Кирк, мегӯяд, гузориши имсола аҳамияти хос дорад, зеро муваффақияти ширкатҳое, ки дар онҳо зиёда аз 40 миллион амрикоиҳо кор мекунанд, ба мурооти ҳаққи моликияти зеҳнӣ бастагӣ дорад. Нақзи ин қонун онҳоро аз даромаде, ки ҳаққашон аст, маҳрум мекунад. Ҳамчунин 60 дарсади содироти ИМА ба мурооти ин қонун бастагӣ дорад.
Ҳуқуқшиноси ширкати Legal Consulting Group Нуралӣ Шукуров, дар шарҳи моҳияти Гузориши махсуси 301-и Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, таърихи он ба солҳои 1990-и қарни бистум бармегардад. Он вақт ҳукумати ИМА тасмим гирифт аз се роҳ бо нақзи ҳаққи моликияти зеҳнӣ мубориза кунад ва зимни ин бо ҳамаи ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ созишнома имзо кардааст.
Ба феҳрасти поймолкунандагони ашаддии ҳаққи моликияти зеҳнӣ шимол шудани кишварҳои муайян маънои онро дорад, ки чунин давлатҳо метавонанд, ҳадафи таҳримҳои муайян қарор гиранд. Мақсад аз гузориш шарм додани ҳукумати ин кишварҳо барои муборизаи нокофияшон бо дуздии моликияти зеҳнӣ ва тавлиди моли дурӯғин ва даъвта аз онҳо барои тағйири авзоъ дар кишварашон аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 ба шартномаҳои муҳими байнулмилалии ҳифзи моликияти саноатӣ имзо кард ва аз ҳамон сол узви Созмони Ҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ шуд. Қонунҳои Тоҷикистон асарҳои илм, ҳунар ва адабиёт, аз ҷумла барномарезиҳо барои мошинҳои ҳисоб, компютерҳо ва анбори иттилоот ва василаҳои фардиятбахшии ширкаткунандагони ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла номҳои вижа, тамға ё аломатҳои мол ва хадамотро ба унсурҳои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ шомил кардааст.
Зоя Арихбаева, вакили ҳуқуқии масъалаҳои марбут ба патент мегӯяд, феҳрасти моликияти зеҳнӣ аз 44 навъи маҳсулоти кимиёӣ, хӯрокворӣ, бинокорӣ ва ғайра иборат аст. Дар робита ба ҷойгоҳи Тоҷикистон дар гузориши нави Иёлоти Муттаҳида вай ҳадс мезанад, ки он натиҷаҳои соли 2011-ро дар бар гирифтааст: «Пеш барои аҳолии маҳаллӣ як ҷадвали пардохт барои моликияти зеҳнӣ мавҷуд буд ва барои ихтироъкорон ва арзкунандагони хориҷӣ – дигар. Аз соли 2012 қонунгузории Тоҷикистон барои ҳама як ҷадвали умумӣ ҷорӣ кард.»
Хонуми Арихбаева изофа кард, ки барои мубориза бо фурӯши маҳсулоти тақаллубӣ дар Тоҷикистон гурӯҳи масхусе масъул аст, ки аз ҳисоби кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ таъсис ёфтааст. Аммо вазни асосии ин мубориза дар дӯши ниҳодҳои гумрукист, ки бояд аз вуруди маҳсулоти беаснод ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд. «Онҳо бояд феҳрасти маҳсулоти дорои санад ва бидуни санадро тартиб диҳанд ва бояд дар марз назорат бурда шавад. Ҳанӯз чунин феҳраст вуҷуд надорад.»
Ба ақидаи ҳамсӯҳбати мо, бозорҳои Тоҷикистон, ки бо Чин, яке аз поймолкунандагони ҷаҳонии ҳаққи моликияти зеҳнӣ ҳаммарз аст, саршор аз моли арзону камсифат ва қочоқист. Ин амвол серхаридоранд ва танҳо афзоиши даромади аҳолӣ дар Тоҷикистон хоҳад тавонист ба вуруди моли хубу асил мусоадат кунад. Бо вуҷуди ин, хонуми Арихбаева эътироф мекунад, ки сифати молу маҳсулоти воридотӣ дар кишвар назар ба солҳои 1990 ба таври қобили мулоҳиза беҳтар шудааст.
Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон маҳсулоти тақаллубиро аз бозорҳо мусодира мекунанд, вале чунин рейдҳо ба таври мунтазам баргузор намешаванд. Дар бозорҳо на танҳо моли тақаллубии сохти хориҷӣ, балки дохилӣ низ ба фурӯш меравад. То ҳол баҳси ҷиддие дар робита ба эҳтироми ҳуқуқи муаллиф ё ҳифзи ҳаққи моликияти зеҳнӣ дар ҷомеа ва расонаҳо ба мушоҳида нрасидааст.