Чин аз 1 январи соли 2021 гузаргоҳҳои марзии "Торугарт" ва "Иркештам"-ро бо Қирғизистон мебандад. Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар додааст, ки ин гузаргоҳҳо дар робита ба ҷашнгирии соли нави мелодӣ баста мешаванд ва ин як чораи муваққатист. Ин ниҳод гуфтааст, ки гузаргоҳи "Иркештам" 2 январ ва гузаргоҳи "Торугарт" 4 январи соли оянда дубора боз карда мешаванд. Ба воситаи ин гузаргоҳҳои марзӣ аз Чин ба Қирғизистон танҳо мол интиқол дода мешавад.
Чин марзҳояшро бо Қирғизистон муваққатан мебандад

Гузаргоҳи марзӣ миёни Чин ва Покистон