Навъи нави коронавирус дар дигар ҷойҳо ҳам пайдо шудааст

Навъи вогиртари коронавирус Бритониёро маҷбур кард, маҳдудиятҳои равуоро бештар кунад.

Як навъи вогиртари коронавируси нав, ки аввал дар Бритониё ошкор шуд, дар Амрико, Ҳинд ва кишварҳои Амрикои Лотинӣ ҳам мушоҳида шудааст. То рӯзи 29-уми декабр камаш 20 кишвар гуфтанд, ки ин навъи вирусро дар қаламравҳояшон пайдо кардаанд.

Навъи нави вирус, ки зуд сироят мекунад, дар кишварҳои Аврупо, Осиё, Ховари Миёна ва Канадаву Австралия ҳам дида шудааст ва теъдоди беморонро зиёдтар мекунад. Баъзе аз ин кишварҳо барои роҳ надодан ба сирояти васеи беморӣ маҳдудиятҳои равуо ва фаъолиятҳои иқтисодиро бештар карданд.

Мақомоти беҳдоштии Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки ба сабаби зудтар паҳн шудани навъи нави вирус, хатари зиёд шудани беморони бистарӣ ва маргу мир аз СOVID-19 афзоиш меёбад. Навъи вогиртари коронавируси навро моҳи сентябр дар Бритониё маълум карданд ва ин кишвар дар шаҳри Лондон ва ҷануби Бритониё маҳдудиятҳои равуоро сахттар кард.

Ҳукумати ин кишвар аз ширкати АстраЗенека ба андозае ваксина хостааст, ки барои 50 миллион нафар кофист. То кунун дар ин кишвар 600 000 нафар ваксинаи Пфайзер-Бионтекро гирифтаанд.