Дар Чин як хабарнигори мардумиро барои инъикоси паҳншавии коронавируси нав дар вилояти Вуҳан ҷазои сахт доданд. Вакили мудофеъ Рен Куанну гуфт, Жанг Жан, ҳуқуқдони собиқро додгоҳи ноҳияи Пудонги нав дар шаҳри Шанхай барои гузоришҳояш аз маҳалли асосии хуруҷи коронавирус дар моҳи феврали имсол ба 4 соли зиндон маҳкум кард.
Гузоришҳои мустақим ва ёддоштҳои Жанг Жан дар бораи хуруҷи беморӣ дар моҳи феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн шуд ва ба чашми мақомоти расмӣ ҳам расид, ки то ҳол 8 нафарро барои ифшои маълумот дар бораи беморӣ ҷазо додаанд.
Жанги 37-сола дар марҳилаҳои аввали хуруҷи бемории COVID-19 видеоҳоеро дар Вуҳан сабт карда, дар Интернет гузошт, ки дар онҳо шифохонаҳои пур аз бемор дида мешаванд ва ҳам маҳалли сӯзонидани ҷасадҳо, ки барои ин кор фурсат намеёбанд.
Додгоҳ ӯро ба "ҷамъоварии даъво ва барангехтани беназмӣ" гунаҳкор донистааст. Рен Куанну рӯзи 28-уми декабр гуфт, "аҳволи Жанг Жан вақти эълони ҳукм бисёр бад шуд." Ба қавли вакили дифоъ, модараш ҳангоми қироати ҳукм баланд гиристааст.
Вакили дифоаш гуфтааст, аз вазъи сиҳатии Жанг нигарон аст. Жанг Жан моҳи июн ба гуруснашинӣ оғоз кард ва ба ӯ бо найчаи тиббӣ маҷбуран ғизо медиҳанд. Рен Куанну афзуд, зерҳимояташ ҳафтаи гузашта қавл додааст, ки агар ба ӯ ҷазои сахт бидиҳанд, "то охир аз гуруснанишинӣ даст намекашад."
Жанг Жан аввалин нафар аз гуруҳе аз хабарнигори мардумӣ аст, ки мақомоти Чин аввали имсол барои гузоришҳояшон аз вилояти Вуҳан дастгир карданд. Ҳукумати Чинро барои амалкардҳояш дар рӯзҳои аввали хуруҷи коронавируси нав сахт танқид карданд, чун саъй кардааст, беморӣ ва вусъати сирояти онро пинҳон дорад.
Қарор аст, гуруҳе аз донишмандони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт моҳи оянда барои таҳқиқ ба вилояти Вуҳан сафар кунанд, ҳарчанд ҳукумати Чин аввал зиёд майли қабули онҳо ва таҳқиқи мустақилонаи сарчашмаи хуруҷи бемориро надошт.
Мақомоти Чин собиқаи ба зиндон андохтани дигарандешон ва мунтақидони ҳукуматро доранд ва маҳкум ба зиндон кардани Жанг Жанро дар охири моҳи декабр ва дар рӯзҳои Иди милоди Исои масеҳ ва Соли нави милодӣ талоше барои дур мондани парванда аз чашми кишварҳои ғарбӣ медонанд.
Лео Лан, пажуҳишгар ва мушовири Созмони Ҳомиёни Ҳуқуқ дар Чин ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст: "Мақомот мехоҳанд, қазияи Жанг Жанро барои тарсонидани дигарандешони дигаре истифода кунанд, то онҳо доир ба вазъи пандемия дар Вуҳан дар аввали имсол суолҳоеро дар миён нагузоранд."
Бемории COVID-19, ки охири соли гузашта дар Вуҳани Чин пайдо шуд, то рӯзи 28-уми декабр ба бештар аз 45 миллион нафар сироят карда, 1,7 миллион нафарро куштааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоҷикистон дар аҳди коронавирус: Карантин набуд, вале ҷазову маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуд“Карантинро дар кӯча гузарондем”. Кӯдакони тоҷик дар аҳди пандемия чӣ ҳол доранд? ВИДЕОТоҷикистон то куҷо метавонад ба дарёфти ваксинаи нави зидди COVID-19 умедвор шавад?Таҳқиқи нав оқибатҳои дигари коронавирусро маълум кард. ВИДЕО"Тохтутоз"-и коронавирус боис ба тавлиди ниқобҳои батареядор шуд. ВИДЕОAmnesty International: 7 ҳазор корманди тиб дар ҷаҳон аз COVID-19 ҷон бохтаанд