Афсари собиқ мегӯяд, 500 ҷангҷӯи тоҷик барои ДОИШ кушта шудаанд

Гуруҳе аз ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия. Акс аз соли 2016.

Як афсари бознишастаи тоҷик гуфтааст, мақомоти расмӣ то кунун 675 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз тарафи гуруҳи Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия меҷангиданд, дастгир карда ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

Орифҷон Содиқов, полковники мустаъфии Кумитаи амнияти миллӣ дар як мақолае ҳамчунин навиштааст, аз соли 2014 то кунун бештар аз 500 нафар аз шаҳрванди кишвар, дар ҷангҳо барои ДОИШ кушта шудаанд. Омори мазкурро, ӯ дар як мақолае дар нашрияи “Садои мардум” минбари расмии порлумони Тоҷикистон нашр кардааст.

Орифҷон Содиқов, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон аст. Афсари бознишастаи тоҷик ҳамчунин навиштааст: “Баъди дар Сурия ва Ироқ саркӯб шудани ҷангҷӯёни гуруҳи бо ном «Давлати исломӣ», теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Афғонистон омаданд ва тайёранд, ки ба ватани хеш ҳамла оранд.” Айни баёнияро мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳам дар гузашта нашр кардаанд.

Оморе, ки дар мақолаи Орифҷон Содиқов дар бораи ифротгароӣ дар “Садои мардум” нашр шудааст, оморест, ки мақомоти амниятӣ умдатан аз нашри он парҳез мекунанд. Бино ба омори расмӣ аз соли 2014 баъди зуҳури ДОИШ ва ишғол шудани қаламравҳои васеи Ироқу Сурия аз тарафи ҷангҷӯёни он тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин созмон ва дигар гуруҳҳои тундраву террористӣ дар ин ду кишвар пайвастанд.