Дар Чин як хабарнигори мардумиро барои инъикоси хуруҷи коронавируси дар нав дар вилояти Вуҳан ба зиндон маҳкум карданд. Жанг Жан, ҳуқуқдони собиқро Додгоҳи Шанхай барои гузоришҳояш аз маҳалли асосии хуруҷи коронавирус дар моҳи феврал ба 4 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора вакили дифои ӯ хабар додааст.
Додгоҳ ӯро ба “ҷамъоварии даъво ва барангехтани беназмӣ” гунаҳкор донистааст. Жанги 37-сола дар марҳилаҳои аввали хуруҷи бемории COVID-19 видеоҳоеро сабт карда, дар Интернет гузошт, ки дар онҳо шифохонаҳои пур аз бемор дида мешаванд ва ҳам маҳалли сӯзонидани ҷасадҳо, ки фурсат барои ин кор намеёбанд. Видеоҳои ӯ дар Интернет зуд паҳн шуд ва бинандаи зиёде дошт.
Вакили дифоаш гуфтааст, ки аз сиҳатии Жанг нигарон аст. Жанг Жан моҳи июн ба гуруснашинӣ оғоз кард ва ба ӯ бо найчаи тиббӣ маҷбуран ғизо медиҳанд. Ӯ яке аз гуруҳи хабарнигорони мардумӣ дар Чин аст, ки онҳоро аввали имсол мақомот барои гузориш додан аз вилояти Вуҳан дастгир карданд. Ҳукумати Чинро барои пинҳонкорӣ дар марҳилаи аввали хуруҷи беморӣ сахт танқид кардаанд.