Сардухтури беҳдоштии Қазоқистон Ерлан Киясов аз мақомоти шаҳру вилоятҳои ин кишвар талаб кард, ки аксу наворгириро дар як қатор муассисаҳо манъ кунанд.
Ин талаб дар фармони нави Ерлан Киясов "Дар бораи тақвияти чораҳои мубориза бо коронавирус дар Қазоқистон" омадааст.
Ерлан Киясов талаб кардааст, ки ҳама гуна аксу наворгириро дар бемористон, мошинҳои "ёрии таъҷилӣ", маконҳои карантин, ҳангоми расонидани ёрии тиббӣ дар хона, гузаронидани таҳқиқи эпидемиологӣ ва назарпурсӣ манъ карда шавад.
Вале дар санад гуфта нашудааст, ки аксу наворгирӣ дар муассисаву ҳолатҳои мазкур чи гуна ба паҳн шудани коронавирус таъсир мерасонад.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ мақомоти қазоқро борҳо интиқод кардаанд, ки аз меъёрҳои ҳуқуқӣ барои хомуш сохтани садоҳои мухолиф сӯистифода мекунанд