Чанд кишвар аз сабти навъи тоза (нав)-и коронавирус хабар доданд. Чаҳор маврид дар Испания, як маврид дар Шветсия ва ду ҳолати дигар дар Канада будааст.
Навъи нави коронавирус, ки то ҳанӯз собит нашудааст дар баробари ваксина муқовимат дорад ё не, дар Ҳонконгу Сингапур, Австралия, Фаронса Ҷопон ва Филипин ҳам дида шудааст. Дар мавриди фавти одамон аз ин навъи коронавирус, ки гуфта мешавад то ҳафтод дарсад қудрати бештари сироят дорад, иттилооте дар даст нест.
Ин дар ҳолест, ки омори мубталоён ба вируси корона дар ҷаҳон аз марзи 80 миллион нафар гузашт. Бино бар омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, тақрибан як миллиону 800 ҳазор кас аз ин беморӣ мурда, зиёда аз 45 миллион нафар шифо ёфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, ки рӯзи 27-уми декабр раванди татбиқи ваксинаи зидди коронавирусро оғоз мекунанд.