Аз Доналд Трамп хостанд, ки санади ҷанҷолиро имзо кунад

Доналд Трамп

Агар Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, тасмими Конгрессро дар мавриди бастаи дувуми ёриҳо имзо накунад, миллионҳо нафар аз дарёфти кумак дар аҳди пандемия маҳрум хоҳанд шуд. Бастаи ёриҳои иборат аз 900 миллиард доллар барои афроди бекор ва тиҷоратҳо пешбинӣ шудааст ва барои қабули он давоми моҳҳои дароз баҳс миёни демократҳову ҷумҳурихоҳон ва Кохи Сафед идома дошт.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфтааст, имзо накардани санад аз сӯи Доналд Трамп пайомадҳои ногувор хоҳад дошт ва хостааст, онро зуд имзо кунад. Трамп рӯзи 22-юми декабр аз бастаи дувуми кумакҳо интиқод кард ва гуфт, онро "вето" мегузорад.

Дар тарҳи нав, аз ҷумла, 600 доллар пардохти якдафъаина барои аксар амрикоиҳо ворид шудааст, аммо Трамп мегӯяд, Конгресс "маблағи фавқулода ками 600 долларро бояд то 2 ҳазор доллар барои як нафар афзоиш диҳад".

Дар сурати имзо накардани санад, беш аз 11 миллион шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, ки бекор ҳастанд, аз кумак маҳрум хоҳанд монд. Хатаре ҳам вуҷуд дорад, ки шояд маошу имтиёзҳои миллионҳо корманди ҳукумати федеролӣ низ қатъ шавад.