Мақомоти афғон аз сафари раҳбарони Толибон ба Покистон нигаронӣ кардаанд

Мулло Бародар дар Покистон

Ҳукумати Афғонистон аз наворҳои видеоие, ки нишон медиҳанд, раҳбарони Толибон зоҳиран бо аъзои худ дар Покистон мулоқот мекунанд, "нигаронии шадид" кардааст.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, раҳбарони Толибон дар беморхонае бо ҷангиёни захмии Толиб мулоқот мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар як изҳорот гуфтааст, ки "ҳузур ва фаъолияти ошкорои унсурҳои шӯришии афғон ва пешвоёни онҳо дар қаламрави Покистон ба таври возеҳ истиқлолияти миллии Афғонистонро вайрон мекунанд".

Афғонистон борҳо Покистонро барои пуштибонӣ ва додани паноҳгоҳҳои амн ба Толибон муттаҳам кардааст ва инро Исломобод рад мекунад.

Мансабдорони афғон бар ин назаранд, ки Покистон бо пуштибонӣ аз Толибон оромии Афғонистонро намехоҳад.

Ин ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ пайдо шуданд, ки дар он муовини раҳбари Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар дар байни гуруҳе дар шаҳри Карочии Покистон суҳбат мекунад. Ӯ як нафари калидӣ дар музокирот барои сулҳи Афғонистон аст.

Толибон мегӯянд, ӯ фақат ба хотири аҳволпурсии муҳоҷирони бемор ба ин беморхона рафта буд ва ҳадафи дигар надошт.