Дар Амрико гаштугузори Бобои барфиро низомиён назорат мекунанд

Бобои Барфӣ дар Бритониё

Фармондеҳии дифоъ аз ҳарими ҳавоии шимоли Амрико ё NORAD, ки аз сӯи ИМА ва Канада барои ҳифзи ҳарими ҳавоии ду кишвар таъсис ёфтааст, 24 декабр гуфт, гаштугузори мардони ришсафед ва шикамкалони монанд ба Бобои барфиро бо диққат назорат дорад.

Вале фармондеҳи NORAD Глен Д. Ван Херк изҳор медорад, ки далеле барои нигаронӣ мавҷуд нест. Маъмурони пойгоҳи NORAD дар Колорадо-Спрингс, иёлати Колорадо пайгирӣ доранд, ки пандемияи коронавирус ба Бобои барфӣ ва оҳуҳояш халал нарасонад, то ӯ тавонад туҳфаҳоро ба кӯдакон дар саросари олам расонад.

Тарҳи пайгирӣ як анъанаи солинавӣ аст, ки аз соли 1955 ба ин сӯ иҷро мешавад. Он сол кӯдаке иштибоҳан ба пойгоҳи низомӣ занг зада, хоҳиш карда буд, ӯро бо Бобои барфӣ пайваст кунанд.

Ба Маркази фаврии пайгирии Бобои барфӣ одатан ҳудуди 1500 ихтиёрӣ ҷалб мешавад, ки ба зангҳо аз саросари олам ҷавоб медиҳанд. Вале имсол шумори ихтиёриён ба иллати пандемияи коронавирус коҳиш дода шудааст. Бисёриҳо дар пасманзари пандемия суол медиҳанд, ки оё имсол Бобои барфӣ метавонад ҳамаи туҳфаҳоро сари вақт расонад.

"Тавре медонед, Бобои барфӣ чандин сол аст, бо ин кор машғул мебошад. Ӯ дар гузашта низ пандемияҳоро пушти сар кардааст. Ман саддарсад мутмаин ҳастам, ки Бобои барфӣ дақиқ медонад, ки чи гуна дар эмин бошад", - афзуд Ван Херк.

Фармондеҳии NORAD​ мегӯяд, низомиёни амрикоӣ халали эҳтимолиеро дар иҷрои нақшаи сафари Бобои барфӣ намебинанд.