Президент Раҳмон моҳи январ паёми солона ироа мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январ паёми навбатии худро ба Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ ироа мекунад. Санаи дақиқи ироаи паёми оқои Раҳмон эълон нашудааст.

Президент Раҳмон бори ахир рӯзи 26-уми декабри соли гузашта паёми солонаашро ба порлумон ва мардум ироа карда буд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёмаш аз низоми бонкии кишвар интиқод карда, ба вазъи маорифу тандурустӣ дахл намуд ва аз коҳиш ёфтани муҳоҷирати тоҷикон ба Русия гуфт.

Тарафдорони Раҳмон аз суханронии ӯ қонеъ шуданд, аммо коршиносони мустақил ва мунтақидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳои алоҳида гуфтанд, чанд масъалаи муҳим ҳанӯз норӯшан мондааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, 17 соли охир паёмҳои солонаашро ба порлумон ва мардум ироа мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, маъмулан баъди паём дар сохторҳои давлатӣ баъзе тағйироти кадрӣ сурат мегирад, вале дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.​