Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов 2 млрд сом ($23,6 млн) ҷуброни зарари расондааш ба давлатро пурра пардохтааст.
Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Тошиев дар як нишасти хабарӣ гуфт, 1 млрд 400 млн сом ($16,8 млн)-и ин пулҳо дар шакли нақдина ба буҷаи давлат гузаронида шуданд.
"Шашсад миллион сом ($7,2 млн) -и дигар тавассути дар ихтиёри давлат гузоштани амволи ғайриманқул - як фурӯшгоҳ ва 9 хона пардохта шуд. Фурӯшгоҳро дар ихтиёри давлат мегузорем хонаҳоро барои кормандони кумита мемонем. Яке аз ин хонаҳо хеле бузург аст, ки ягон корманди мо дар он зиндагӣ карда наметавонад. Тасмим дорем, онро ба ягон кӯдакистон диҳем", - изҳор дошт Камчибек Тошиев.
Ба гуфтаи Тошиев, аз гумонбарони дигари парвандаи фасодкорӣ дар Хадамоти гумруки Қирғизистон ҷуброни зарар рӯёнида шудааст ва рӯзҳои наздик парванда барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода мешавад.
Матраимов ва наздики 40 мансабдори Хадамоти гумруки ин кишварро ба ташкили нақшаи коррупсионии даромади пинҳонӣ аз мақомоти гумрук айбдор мекунанд, ки ба буҷаи давлат дар ҳаҷми махсусан калон зарар расондааст. Матраимов ҳангоми бозпурсӣ ваъда карда буд, ки зарари расонидаро дар ҳаҷми наздики 24 миллион доллар барқарор хоҳад кард.
Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop низ зикр шудааст.
Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.