Фаронса ҳаракати шаҳрвандонаш ба Бритониёро иҷоза дод

22 декабр ин мошинҳои борбар, ки ба самти Фаронса ҳаракат мекарданд, маҷбур буданд дар як истгоҳи Бритониё таваққуф кунанд

Субҳи имрӯз Фаронса рафтуомади ҳавоӣ, замини ва баҳрӣ бо Бритониёро боз намуд. Мутахассисони Иттиҳоди Аврупо, баъд аз омӯзиши шакли нав ва зудпаҳншавандаи COVID-19, ба Фаронса машварат доданд, ки марзро боз кунад. Акнун шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё ва афроде, ки ҳаққи истиқомати доимӣ дар Бритониё ва Фаронсаро доранд, метавонанд рафтуомад кунанд. Ҳангоми убури марз аз онҳо ҳуҷҷате талаб карда мешавад, ки бемории коронавирус надоштанашонро тасдиқ намояд. 20-уми декабр ногаҳон Фаронса равуо бо Бритониёро қатъ кард. Дар марзи ду тараф ҳазорҳо мусофир ва мошинҳои боркаш банд монда буданд. Ҳанӯз ҳам даҳҳо кишвари олам рафтуомад бо Бритониёро бекор кардаанд. Аслан шакли нави коронавирус моҳи сентябр ташхис шуда буд, вале ҳафтаи гузашта сироят ба ин навъи коронавирус дар Англия ва Бритониё ба таври густурда ба мушоҳида расид.