Аз 24 декабр ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Араб баъзе маҳдудиятҳо барои сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла барои тоҷиконро, ки оғози пандемия ҷорӣ карда буд, сабуктар мекунад. Телевизиони "Ал-Арабия" дирӯз гузориш дод, ки кишварҳои руйхати "Сабз" баъди вуруд ба Имороти Муттаҳидаи Араб на 14, балки даҳ рӯз карантин хоҳанд кард. Тоҷикистон, Узбекистон ва Арбистони Саудӣ дар ин руйхат ҷой дода шудаанд. Дар имороти мухталифи ин кишвар баъзе маҳдудиятҳои хос ҳифз шудаанд ва мусофирон бояд пеш аз сафар дар бораи онҳо огаҳӣ пайдо кунанд. Шурӯъ аз имрӯз, дар шаҳри Дубай, ки шароити хоси рафтуомади хориҷиёнро ҷорӣ кардааст, эмкунии бепули сокинон оғоз меёбад.
Тоҷикистон бо Дубай баъди танаффуси чандмоҳа бо сабаби панедмияи COVID-19 тирамоҳи имсол парвозҳои доимиро барқарор намуд.