Бонки Миллӣ: "Муҳоҷирони тоҷик 9% камтар пул фиристоданд". Иддае розӣ нестанд

Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ба далели густариши бемории коронавирус ва баста будани марзҳо имсол интиқоли пули муҳоҷирон 9 дарсад кам шудааст. Баъзе аз иқтисоддонҳо тахмин мезананд, ки рақами воқеӣ метавонад аз ин бештар бошад.

Бонки Миллӣ рӯзи 22-юми декабр дар ҷавоб ба номаи Радиои Озодӣ аз пешниҳоди омори дақиқи пулҳои фиристодаи муҳоҷирон худдорӣ карда, танҳо камшавии онро бо фоиз ё дарсад нишон додааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, гуфт, ба назари ӯ, коҳиши пулҳои фиристодаи муҳоҷирон аз 9 дарсад бештар аст. "Зеро аксар муҳоҷирон аз Русия бармегарданд ва қисми дигар дар он ҷо бекор мондаанд. Аз ин ҳисоб ирсоли маблағҳо кам мешавад", -- афзуд ӯ.

Гуландом, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, низ мегӯяд, ду узви оилаашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд, вале дар муқоиса ба соли гузашта маблағи зиёд дастрас намекунанд.

Дар моҳи июли имсол Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси собиқи Бонки Миллӣ, ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, дар шаш моҳи аввал муҳоҷирон ба Тоҷикистон 195 миллион доллар камтар фиристодаанд ва ин нисбат ба соли гузашта 14,8 дарсад камтар аст. Вай он замон таъкид кард, ки дар шаш моҳ муҳоҷирон ба кишвар 999 миллион доллар интиқол доданд.

Пайрав Чоршанбиев

Пайрав Чоршанбиев, хабарнигор ва шореҳи масоили иқтисодӣ, мегӯяд, Бонки Миллии Тоҷикистон намехоҳад омори воқеии камшавии интиқоли пули муҳоҷиронро бигӯяд ва онро ба ду сабаб рабт дод: "Аввал, намехоҳанд пойбандии сахти иқтисоди кишварро аз ҳисоби пули муҳоҷирони меҳнатӣ нишон диҳанд. Дувум, фикр мекунанд, бо пешниҳоди омори воқеӣ мардум шояд дар таҳлука меафтанд. Яъне, намехоҳанд сокинон дар чунин вазъ қарор гиранд."

Рӯзи 22-юми декабр дар Бонки Миллии Тоҷикистон аз шарҳи бештари интиқоли пули муҳоҷирон худдорӣ карда, ваъда доданд, мавзуъро дертар шарҳ хоҳанд дод.

Айни замон Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, гуфт, коҳиши 9-дарсадии интиқоли маблағи муҳоҷирон метавонад дуруст бошад. "Пештар қисми зиёди муҳоҷирон бо роҳҳои ғайрирасмӣ пул мефиристоданд. Барои мисол, ба воситаи шиносҳояшон мефиристоданд ё дар ҷайбашон меоварданд. Бо баста шудани марзҳо, рафтуо маҳдуд шуд, ҳоло танҳо бо роҳҳои расмӣ метавонанд пул фиристанд. Яъне, бозори ғайрирасмӣ ба бозори расмии интиқоли пул кӯчид ва аз ин ҳисоб дар маълумоти расмӣ коҳиши интиқолҳои пулӣ кам ба назар мерасад."

Тоҷикистон аз кишварҳое аст, ки иқтисодаш вобастаи маблағҳои фиристода аз берун, бахусус пули муҳоҷирон аст. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2019 муҳоҷирон ба кишвар ҳудуди 2,7 миллиард доллар маблағ интиқол додаанд, ки нисбат ба як соли пеш 6,6 дарсад зиёдтар аст.

Бонки марказии Русия рӯзи 21-уми декабр омори интиқоли пул аз ин кишвар ба Тоҷикистонро нашр кард. Бино бар он, дар нӯҳ моҳи имсол тавассути шабакаҳо аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 224 миллион доллар интиқол ёфтааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 37 дарсад камтар мебошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Панҷ чизи донистанӣ. Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 чӣ ҳол дошт? ВИДЕО Зиндагии як муҳоҷири тоҷик ва хонаводааш дар соле, ки мегузарад. ВИДЕОҶанҷоли муҳоҷирони тоҷик бо кордиҳандаи рус барои пул ба пулис рафт. ВИДЕОМақомот гуфтанд, чаро қурби сомонӣ поин омад. Сокинон аз болоравии нархҳо бим дорандҲоҷимуҳаммад Умаров: "Даромадҳои пинҳонӣ ошкор шаванд, Тоҷикистон хоҳад шукуфт""Аз куҷо доллар бигирем?" Бонки Миллӣ камчинии асъори хориҷиро дар Тоҷикистон эътироф кард. ВИДЕОДар Тоҷикистон мисли Қимматгул чанд нафар камбизоат аст? ВИДЕО