Додгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз зуҳри 22-юми декабр ду сокини ҷавони пойтахтро дар қатли Замирамоҳ Ҳайдароваи 29-сола ва Меҳрафрӯз Холмирзои 19-сола дар ҳудуди ноҳияи Варзоб гунаҳкор донистааст.
Нуриддин Маликзода, корманди додгоҳ, гуфт, Дониёр Сафаров ба 22 сол зиндон ва Саъдулло Раупов ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Додгоҳ онҳоро ба куштор айбдор кард ва дар изҳороте гуфт, ки гунаҳкории Саъдулло Раупов ва Дониёр Сафаров "бо далелҳои раднопазир ... исботи худро ёфт."
Назари маҳкумшудаҳо ва вакилони мудофеашон ба ҳукм феълан дастрас нест. Ҳардуи онҳо 28-сола ва сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳастанд. Қаблан дар наворе, ки тавассути мақомоти корҳои дохилӣ паҳн шуд, ба гуноҳи худ иқрор карда, ҷойи ҳодисаро нишон доданд, аммо маълум нест, иқрори онҳо таҳти чӣ шароит ба даст омадааст.
Ду ҷавон тобистони имсол ва баъди он дастгир шуданд, ки мақомот ҷасади Замирамоҳ Ҳайдарова ва Меҳрафрӯз Холмирзоро дар маҳаллаи Харангон пайдо карданд. Аввалӣ ду солу ҳашт моҳ ва дигарӣ панҷ моҳ бедарак буд.
Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, Замирамоҳ Ҳайдарова ва Дониёр Сафаров солҳо якдигарро мешинохтанд, вале баъд ошноии духтар бо як ҷавони афғон муносибати онҳо тағйир кардааст: "Гумонбар дар заминаи нофаҳмӣ ва рашк пайваста духтарро латукӯб карда, бо рафиқаш Саъдулло Раупов нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани номбурдаро тарҳрезӣ намудаанд."
Ба иттилои расмӣ, Меҳрафрӯзи Холмирзо моҳи апрели имсол ҳамчун мусофир ба мошини Саъдулло Раупов нишастааст: "Дар дохили мошин ӯро зада, аз ҳолати беҳушӣ ва оҷизияш истифода бурда, ба теппаҳои деҳаи Харангон бурдааст ва пешниҳоди робитаи ҷинсӣ кардааст. Баъд аз шунидани ҷавоби рад буғӣ карда, ба ҳалокат расондааст."
Ин ҳукм дар ҳоле эълон шуд, ки баъд аз нашри видеои гумонбарон бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот хоста буданд, ба онҳо ҷазои сахт бидиҳанд. Иддае ба таҳқиқи мустақилонаи чунин ҳодисаҳо даъват доранд.
Солҳои охир қатл, бахусус дар заминаи рашк, дар Тоҷикистон афзудааст. Мутахассисон онро бештар ба якдигарнофаҳмӣ дар оилаҳо ва мушкили иҷтимоӣ рабт медиҳанд.