Маҷлиси намояндагон ва Сенати ИМА рӯзи душанбе лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонданд, ки ҷудо кардани наздик ба 900 миллиард долларро барои пуштибонии шаҳрвандон ва ширкатҳои осебдида аз коронавирус пешбинӣ мекунад.
Бар асоси қонуни нав, ба ҳар як амрикоии хурду бузург 600-долларӣ ҷудо хоҳад шуд. Вале ҳаҷми кумакпулӣ барои онҳое, ки дар сол беш аз 75 ҳазор доллар даромад доранд, кам карда мешавад.
Кумакпулӣ барои бекорон низ то ба 300 доллар боло бурда шуда, муҳлати пардохти он то баҳори соли оянда тамдид карда мешавад. Як қисми пули ҷудошуда ба пардохти маоши онҳое равона мешавад, ки муваққатан бекоранд. Барои харидории ваксина ва гузаронидани он ба сокинон беш аз 50 миллиард доллар ҷудо хоҳад шуд.
Дар Амрико ин бори дувум аст, ки барои дастгирии осебдидаҳо аз вирус маблағи калон аз буҷаи давлат ҷудо мешавад. "Мо маҷмуи чораҳоеро тасвиб мекунем, ки дар пушти сар кардани пандемияи коронавирус ба хонаводаҳои амрикоиҳо кумак мекунад", - изҳор дошт раҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳон дар Сенат Митч Макконнел. Раиси Маҷлиси намояндагони ИМА Нэнсӣ Пелосӣ ва раҳбари ҷиноҳи демократҳо дар Сенат Чак Шумер тадбирҳои мазкурро нокофӣ номида, мегӯянд, баъди ба Кохи Сафед омадани президенти тозаинтихоби демократи ИМА Ҷо Байден омодаанд, барои дастгирии осебдидаҳо маҷмуаи нави чораҳоро ба тасвиб расонанд.
Лоиҳаи қонуни тасвибшударо бояд президенти ИМА Доналд Трамп имзо кунад.