Мизони нашъамандӣ дар Тоҷикистон поин омадааст?

Тоҷикистон дар охири солҳои 1990 ва оғози 2000-ум шоҳили болоравии ҳодисаҳои мубтало шудани шаҳрвандон ба маводи мухаддир шудааст

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар кишвар мизони нашъамандӣ пойин рафтааст. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар як ҷаласа хабар додаанд. Ба гуфтаи ӯ, то 1 октябри соли ҷорӣ 5 ҳазору 130 нафар нашъаманд сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 245 нафар камтар будааст. Имкони санҷидани дурустии ин иттилоъ тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад.

Ба қавли манбаъ, аксарияти маводи мухаддир, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегардад, дар хати сарҳад ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудаанд. Соли 2019 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз муомилоти ғайриқонунӣ як тоннаю 637 кило маводи мухаддир мусодира гардид, ки 48 фоиз он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ кашф шудааст. Ба гуфтаи ин мақомдор, дар 11 моҳи соли равон 615 ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ошкор ва ба қайд гирифтаанд.