Вазири меҳнат Ширин Амонзода бо мардикорзанон мулоқот кард

Ширин Амонзода дар ҳалқаи бонувони мардикорбозори шаҳри Бохтар. Акс аз Фейсбуки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Вазири нави меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон бо занони корҷӯ дар мардикорбозори шаҳри Бохтар мулоқот намудааст. Вазир Ширин Амонзода аз ин мулоқоташ рӯзи 21 декабр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дода, ҳамчунин чанд аксеро ҳам нашр кардааст. Бештари шореҳон дар шабакаи иҷтимоӣ барои чунин амал Ширин Амонзодаро намунаи ибрат барои дигар мансабдорони тоҷик номидаанд. Ӯ ба занон пешниҳод намудааст, ки барои соҳибкасб ва бо кори доимӣ таъмин шудан, дар як ҳафта се маротиба аз курсҳои қаннодӣ, бофандагӣ, дузандагӣ, ороиши мӯю рӯй ва пухтани таомҳои миллӣ бигузаранд ва чор рӯзи дигар бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд. Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон вазифадор гардид, ки рӯйхати корҷӯёнро омода намуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат курсҳои омӯзишии мазкурро ба роҳ мондад. Дар мардикорбозори Бохтар ҳамарӯза то 100 зани ҷӯёи кор ва синну соли мухталиф ҷамъ мешаванд. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистон, ки масъалаи бекорӣ аз мушкилоти рақами як асту садҳо ҳазор мардон дар Русия дар ҷустуҷӯи кор мегарданд, вазъи занон, ба вижа занони танҳо дар дохил мушкил боқӣ мемонад.