АП: ВМКБ ҳам шоҳиди бебарқиҳо мешавад

Кӯҳҳои Помир. Августи соли 2020

Сардии ҳаво ва ях бастани дарёи Ғунду Панҷ барои чанд рӯз боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти таъмини барқ дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон шудааст. Дар ҳоле ки ин вилоят танҳо минтақаи Тоҷикистон аст, ки барқкушӣ дар ин ҷо дар қиёс бо қаламравҳои дигари кишвар камтар рӯй медиҳад. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилоят ба оҷонсии “Азия-Плюс” гуфтааст, тӯли ду рӯз сардии ҳаво -22 дараҷаро ташкил дода оби дарёҳо кам шудаву ях бастанд. Нерӯгоҳҳо натавонистанд миқдори лозимаи барқро истеҳсол кунанд ва бинобар ин, дар ноҳияҳо маҳдудият ҷорӣ шуд. Ҳоло ба гуфтаи Ниятбеков мушкилот бартараф шудаву аҳолӣ ба пуррагӣ барқ мегиранд. Таъмини барқ дар ин вилоятро ширкати «Помир Энерҷӣ» бар зимма дорад. Бино ба маълумоти расмӣ ҳамасола дар тамоми вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон 192 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад.