Дар эътирозҳои ахири Беларус 150 нафар боздошт шуд

Минск, 20 декабр

Нирӯҳои амниятӣ дар Беларус дар давоми намоишҳои эътирозии рӯзи 20 декабр, ки бо талаби истеъфои Александр Лукашенко баргузор шуд, беш аз 150 нафарро боздошт карданд. Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон “Весна” исми 151 нафарро нашр кард, ки дар шаҳрҳои Минск, Борисов, Гомел, Гродно, Салихарск, Смиловичи, Новополатск, Брест ва дигар маконҳо боздошт шудаанд. Ба иттилои хабарнигорони Бахши Беларусии Радиои Озодӣ, дар кӯчаву хиёбонҳои мухталифи Минск раҳпаймоиҳо сурат гирифт ва бисёр эътирозгарон бо парчами сурху сафеду навиштаҷоти рамзи мухолифон зоҳир шуданд. Ин рӯзи якшанбеи 19-ум аст, ки баъди интихоботи баҳсбарангези президентӣ дар Беларус мардум пайваста даст ба эътироз мезананд. Полис барои саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон ва боздошти онҳо, ки то ҳол шуморашон аз 27 ҳазор нафар бештар шудааст, интиқод мешавад. Гузоришҳои қобили эътимод аз муносибати бад, латукӯб ва шиканҷаи боздоштшудаҳо хабар медиҳанд. Эътирозгарон баробар бо истеъфои Лукашенко талаб доранд, ки зиндониҳои сиёсӣ озод шуда, интихоботи нав баргузор гардад.