Дар Қазоқистон ду ронандаи тоҷикро аз сармо наҷот доданд

Роҳе дар Қазоқистони шимолу шарқӣ

Дар вилояти Қазоқистони шимолӣ ду ронандаи як мошини борбар аз Тоҷикистонро аз сардӣ наҷот додаанд. Шаби 20-уми декабр мошини онҳо, ки ба Русия меваҷот интиқол медод, бинобар истифодаи соляркаи тобистона вайрон мешавад. Ронандаҳои тоҷик ба хадамоти наҷотбахшӣ занг заданд ва баъди 15 дақиқа ба кӯмакашон расиданд. Кормандони хадамоти наҷотбахшӣ мошини вайроншударо ба шаҳраки Пресново бурда ба он саляркаи зимистона рехтанд. Ҳамчунин ба ронандгон хӯрок ва чойи гарм додаанд. Баъди ин мошин роҳашро ба самти Русия идома додааст. Дар ин бора матбуоти Қазоқистон хабар додааст.