Тибқи пешбиниҳои мақомоти тоҷик, то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон аз ба 11 миллион хоҳад расид. Дар ин бора матбуот хабар медиҳад. Дар ин бора Ашурбой Солеҳзода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар як нишасти марбут ба вазъи демографӣ изҳори назар кардааст. Солеҳзода гуфтааст, дар даҳ соли оянда шумораи тоҷикон 1,5 миллиони дигар бештар хоҳад шуд. Солеҳзода ёдовар шудааст, ки дар соли 1991 ҷамъияти Тоҷикистон беш аз 5,5 миллион нафарро ташкил медод ва ҳоло то 9,5 миллион нафар афзудааст. Ба таъкиди ин мақомдор, наздики 60 дарсади аҳолӣ афроди қобили кор ҳастанд.