Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки маргталабе, ки зоҳиран як вакили порлумонро ҳадаф дошт, бо инфиҷори мошини бомгузоришуда дар Кобул 9 нафарро куштааст.
Хон Муҳаммад Вардак, вакили порлумони Афғонистон дар ин ҳамла ҷон ба саломат бурд.
Масъуд Анадаробӣ, вазири умури дохилии Афғонистон гуфт, ки 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки дар миёнашон Хон Муҳаммад Вардак низ ҳаст.
Ӯ саломатии вакили порлумонро хуб арзёбӣ кард.
Таркиш дар ҳоле рӯх дод, ки корвони мошинҳои ин вакили порлумони Афғонистон аз як чорроҳа убур мекарданд.
Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон гуфт, ки “душманони Афғонистон ба Хон Муҳаммад Вардак ҳамлаи террористӣ анҷом доданд.”