Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Туркманистон гуфт, ӯ бояд аз коронавируси нав табобат бигирад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти туркман иддао доранд, дар он кишвар то ҳол ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор нашудааст.
Филпотт дар бораи мубталошавии худ ба коронавируси нав 16-декабр, ҳангоме ки дар бораи видеои сурудхонии худ бо забони туркманӣ дар Твиттер суҳбат мекард, хабар додааст. Видеои сурудхонии дипломати бритониёӣ дар Ютуб нашр шуд.
Ӯ ба ҳамаи онҳое миннатдорӣ баён карда, ки видеоро бознашр кардаанд ва ҳамчунин хабар дод, ки "вазъи сиҳатиаш беҳбуд меёбад". Дертар вай дар посух ба сафири пешини Бритониё дар Туркманистон Робин Орд-Смит навишт, "ман бояд аз коронавирус табобат гирам".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сафири собиқи Бритониё дар Тоҷикистон суруди туркманӣ хондҲю Филпотт, ки аз соли 2018 ба ин сӯ сафири Бритониё дар Ишқобод аст, маълум нест кай ва дар куҷо ба коронавируси нав мубтало шудааст. Ӯ то ҳол ба суоли хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, ки ҷузъиёти мубталошавияшро пурсида буд, посух надодааст
Туркманистон яке аз 15 кишвар ё минтақае дар саросари олам ба шумор меравад, ки то ҳол дар бораи ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар надодааст.