Иттиҳоди Аврупо аз Озарбойҷон ва Арманистон хост, ки созиши оташбас дар Қаробоғи Кӯҳӣ, як минтақаи ҷудоиталаб дар ҳудуди Озарбойҷонро, пурра риоя кунанд. Рӯзи 18 декабр намояндаи ИА оид ба умури сиёсӣ Жозеп Боррел пеш аз ҷаласаи Шӯрои шарикии ИА ва Озарбойҷон дар Брюссел гуфт:
“Оташбаси 10-уми ноябр бо ташаббуси Русия имзошуда идома дорад, ҳарчанд ҳодисаҳои вайрон кардани ин қарордод ҳам дида мешаванд. Мо дархост карданием, ки барои шурӯи музокирот дар чаҳорчӯби Гурӯҳи Мински САҲА шартҳои созиши сулҳ пурра иҷро шаванд. Ба назари ман, ИА дар амри оштиву барқарорсозӣ ва сулҳ дар минтақа, ки ҳадафҳои Гурӯҳи Минскро тақвият мебахшад, дар минтақа нақши муҳиме иҷро мекунад. Дирӯз бо Арманистон ва имрӯз бо Озарбойҷон мо аҳамияти ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ва пуштибонии худ аз барқарориву сулҳи босуботро намоиш додем”.
Боррел гуфт, ки рӯзи 17 декабр айни чунин паёмҳоро дар ҷараёни Шӯрои ҳамкории ИА ва Арманистон ҳам баён кардааст. Боррел гуфт, ки бисёр мехост як нишасти машваратии сегона бо ширкати вазирони хориҷаи Арманистон ва Озарбойҷон барпо шавад, вале натавонист ҳарду ҷонибро барои чунин як нишасти муштарак розӣ кунонад.