Додситонии кулли Русия бо як қарор чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба содир кардани ҷиноятҳои мухталиф дар ҳудуди ин кишвар муттаҳам мешаванд, ба Душанбе истирдод кард. Дар ин бора шабакаи телевизиони РЕН ТВ бо истинод ба манбаи худ дар Додситонии Русия хабар додааст.
Дар навори ин шабака аз рӯзи 16-уми декабр, лаҳзаи ба фурудгоҳи "Домодедово" овардани гумонбарон бо дастони баста дида мешавад. Додситонии Русия гуфтааст, яке аз ин гумонбарони истирдодшуда соли 2009 дар Душанбе бо силоҳи пластмасӣ ба як шаҳрванди Чин ҳамла карда, 26 ҳазор доллари ӯро аз худ кардааст. Ҳамин тавр ба иттилои додситонӣ, ин нафар ҳамчунин дар қатли як одами дигар ҳам гумонбар дониста мешавад.
Шаҳрванди дигари истирдодшудаи тоҷик дар қочоқи маводи мухаддир гумонбар дониста мешудааст. Нафари саввум, ки ба ҳайси фурушандаи чиптаи ҳавопаймо кор мекардааст, ба он муттаҳам мешавад, ки барои даромади бештар, 171 чиптаи ҳавопайморо бо нархҳои барои шаҳрвандони ноболиғ муқарраршуда фурӯхтаааст.
Гумонбари чорум, соли 2015 ба ғорат кардани як хона муттаҳам мешавад.
Додситонии Русия хабар додааст, ки бо мақомоти тоҷик дар самти истирдоди гумонбарон ба мувофиқа расидаанд.
Мақомоти тоҷик то кунун дар ин робита изҳори назар накардаанд.