Додситонии кулли Русия ба санҷиши сабабҳои болоравии нархи маводи аввалияи хӯрокворӣ дар ин кишвар мепардозад. Ин ҳам дар ҳолест, ки президент Владимир Путин ба ҳукумташ як ҳафта мӯҳлат дод, ки вазъи нарху навои хӯроквориро ба эътидол дароранд. Путин дар ҷаласаи ҳукуматӣ гуфт, ки дар соли ҷорӣ нархи шакар дар Русия 71 фойиз, равғани растанӣ наздики 24 дарсад, орд тақрибан 13 фойиз ва маҳсулоти макаронӣ ҳудуди 11 фоийз боло рафтааст, ки ин "ғайри қобили қабул аст". Путин гуфт: "Мардум барои харидани маводи асосӣ пул надоранд, шумо куҷоро нигоҳ доред". Президени Русия афзуд, болоравии нарх ба иллати иқтисодист, на пандемия ва бояд ҳукумат ин вазъиятро дар назар бигирад. Болоравии нархҳо дар Русия ба бозори Тоҷикистон ҳам беасар намонд. Агар моҳе қабл 5 литр равғани офтобпарасти тавлиди Русияро дар бозор 57 сомонӣ мефурӯхтанд, ҳоло қимати он аз 95 то 115 сомонӣ боло рафтааст. Нархи як кило шакар аз 6 сомонӣ то ба 10 сомонӣ афзудааст. Барномаи Ҷаҳонии Ғизо, ки қиматҳо дар Тоҷикистон ва вазъи таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокаро мушоҳида мекунад, дар як гузорише дар охири моҳи октябр гуфт, ки болоравии қиматҳо ба афзудани нархи интиқоли маҳсулоти хӯрока аз Русияву Қазоқистон аст.