Дар 24 синфхонаи мактаби шумораи 21-и деҳаи Шоҳбикаи ноҳияи Восеъ, "бухориҳои бобоӣ" насб шудааст. Аммо мактабхонҳо дар ин сармои зимистон дар синфхонаҳо бо либосҳои ғафс ва кулоҳ дар сар дарс мехонданд.
Ганҷинаи Умед дар синфи 11-ум дарс мехонад. Ӯ аз гарм будани синфхона мегӯяд, вале либоси ғафсашро дар синфхона аз тан бадар намекунад. Ин мактабхонҳо дар оғоз эътироф кард, ки худашон барои гарм кардани синфашон ҳезум ва тапак меоранд, вале ишораҳои мудир ӯро маҷбур кард, ки давоми суханашро дигар кунад.
Ганҷинаи Умед мегӯяд, "дар як рӯз ду маротиб дар бухориҳои мактаб оташ мемонанд. Ин ҳама аз тарафи маъмурият ва хонандагон таъмин мешавад. Хонандагон сӯзишворӣ меоранд",-мегӯяд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маъмурияти мактаб ҳам мегӯяд, ки онҳо дар анборашон захираи ҳезум доранд. Робиямоҳ Қосимова, мудири мактаб мегӯяд, "ҳамаи синфхонаҳо бо печҳои оҳанин ва дар се синфхонаи дигар сето бухориҳои барқӣ насб карда шудаанд. Ҳоло дар муассиса 20 куб ҳезуми хушк, 2500 тапак, 4 тонна ангишт ва 75 литр сузишворӣ дорем".
Аммо боздид аз анбори мактаб нишон дод, захирае, ки раҳбарияти мактаб ба он ишора мекарданд, онҷо вуҷуд надорад.
Бархе аз падару модарон ҳам аз пулпурсии фарзандонаш ва синфхонаҳои сарди мактаб шикоят мекунанд. Даҳ набераи Нуралӣ Давлатов дар ин мактаб мехонанд. Ӯ мегӯяд, ки аз мактаби куҳна дида, мактаби нав созанд ӯ беҳтар аст. "Ин фонди маориф куҷо мешавад",-мепурсад ӯ.
Сардии синфхонаҳои ин мактаб дар ҳолест, ки бино бар шикоятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ин ҳолат хоси танҳо як мактаб ё як ноҳия нест ва муаллифон намунаҳои зиёд меоранд. Ҳол он, ки ҳанӯз дар моҳи март ҳукумат дастур дода буд, ки тамоми муассисаҳо, аз ҷумла мактабҳо ба зимистони соли 2020-21 омода шаванд.
Дар Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб ҳам гуфтанд, ки барои замистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ 1 миллиону 817 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Вале бо вуҷуди ин мактабҳо сарданд ва падару модарон мегӯянд, шояд ин маблағ камӣ кардааст, ки аз онҳо пул ситонида мешавад.