Амрико ба истифода аз ваксинаи зидди коронавирус оғоз мекунад

Ҷаҳон як сол боз бо бемории коронавируси нав дастбагиребон аст

Мақомот гуфтанд, рӯзи 14-уми декабр дар Амрико истифода аз ваксинаи зидди коронавирус оғоз хоҳад шуд. Ин ваксина аз сӯйи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech (Амрико ва Олмон) сохта шудааст. Генерал Густав Перна, масъули Кумитаи вижаи расидагӣ ба коронавируси нав дар Амрико, рӯзи 12-уми декабр гуфт, дар марҳилаи аввал ваксина ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон татбиқ мешавад. Ваксинаи сохташуда аз сӯи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech бояд дар 70 дараҷаи зери сифр нигаҳдорӣ шавад. Идораи Ғизо ва Дорувории Амрико рӯзи 11-уми декабр рӯзи ҷумъа истифода аз ваксинаро иҷозат дод. Бар асоси маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, шумори мубталоён ба бемории коронавирус дар Амрико ба беш аз 16 миллион кас расидааст. Беш аз 300 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.