Ҳомиёни ҳуқуқ аз Узбекистон хостанд, ҳамҷинсгароёнро ҷазо надиҳад

Дар ин барномаи телевизионии Узбекистон доир ба ҳамҷинсгароӣ баҳс мекунанд.

Гуруҳе аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Узбекистон хостаанд, ки ҷазо барои ҳамҷинсгароиро аз қонунҳо бардорад ва таъқиби ин аққалиятҳои ҷинсиро бас кунад. Дар ин бора бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод. Ҳоло дар Узбекистон барои иртиботи ҷинсии як мард бо марди дигар мумкин аст, онҳоро то се соли зиндон ҷазо диҳанд.

Бино ба гузориши бахши узбекии Радиои Озодӣ дар муроҷиатномае, ки рӯзи 10-уми декабр созмони “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” нашр карданд, аз тавсияи Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал ёдоварӣ шудааст, ки моҳи январ ва майи имсол аз Узбекистон даъват кард, ҷазо барои ҳамҷинсгароиро аз байн барад.

Дар муроҷиатнома омадааст, “Ҳоло дар Узбекистон Кодекси нави ҷиноӣ таҳия мешавад ва мақомот бояд ин фурсатро барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон истифрода баранд.” Айни муроҷиатро созмонҳои Афви Байналмилал, Хонаи Озодӣ ҳам кардаанд.

Мақомоти Узбекистон батакрор гуфтаанд, ки ҳамҷинсгароӣ мухолифи арзишҳои фарҳангӣ ва динии мардуми мусулмони кишвар аст ва ҷомеа барои аз байн бардоштани ҷазо барои он омода нест. Ҳомиёни ҳуқуқ ба он ишора кардаанд, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Озарбойҷону Туркия ҷазо барои ҳамҷинсгароӣ вуҷуд надорад.