Кит Симмонс иҷрокунандаи вазифаи раиси USAID дар Тоҷикистон шуд

Акси Кит Симмонс аз муроҷиати видеоии ӯ гирифта шудааст

Оҷонсии рушди ИМА хабар дод, ки Кит Симмонс дар мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ниҳод дар Тоҷикистон ба кор пардохтааст. Дар изҳороти рӯзи 11 декабри Сафорати ИМА дар Тоҷикистон омадааст, ки "миссияи алоҳидаи USAID дар Тоҷикистон аз таҳкими шарикии ИМА бо мардуми тоҷик ва дастгирии рушд дар ин кишвар шаҳодат медиҳад”. Симмонс дар оғози кораш аз татбиқи лоиҳаҳои нав дар бахши кишоварзӣ, мудирияти об, обтаъминкунӣ, маориф, тандурусӣ ва ғизо дар ҳаҷми умумии 100 миллион доллари амрикоӣ шурӯъ мекунад.

Дар иттилоия омадааст, ки Кит Симмонс таҷрибаи беш аз 40-солаи кор дар бахши рушди байналмиллӣ дорад ва дар сохторҳои USAID, Департаменти давлатии ИМА ва Корпуси Сулҳи ИМА дар давлатҳои Аврупо, Авросиё, Африқо ва Осиё кор кардааст.